Ба гузориши хабарии Абна ба нақл аз Ал-Маядин, Вазорати корҳои хориҷии Чин эълом кард, ки ин кишвар ва Покистон хоҳони оташбас ва азсаргирии музокирот миёни Эрон ва Амрико ҳастанд.
Мувофиқи ин гузориш, Вазорати корҳои хориҷии Чин бо ишора ба гуфтугӯҳои рӯзи панҷшанбе миёни вазирони корҳои хориҷии Чин ва Покистон дар Шанхай, эълом кард, ки «Ван И» ва ҳамтои покистонии ӯ «Исҳоқ Дор», хоҳони барқароршавии оташбас ва азсаргирии музокирот миёни Амрико ва Эрон шудаанд.
Ин вазорат илова кард, ки Ван И аз ҳама тарафҳо хоҳиш кард, ки ба уҳдадориҳои худ амал кунанд ва ба ёддошти оташбас вафодор бошанд.
Вазири корҳои хориҷии Чин пештар низ дар дидор бо ҳамтои арабистонии худ бар дастгирии кишвараш аз ҳифзи раванди музокирот миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон таъкид карда ва хоҳони созишномаи ҳамаҷониба миёни ду кишвар шуда буд, ки барои ҳама кишварҳои минтақа қобили қабул бошад.
Your Comment