Бино ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Масира, дар баёнияи Ансоруллоҳ омадааст, ки амиқтарин маротиби ҳамдардии худро ба ҷунбиши Ҳамос, Гурдонҳои Қассом ва ҳамаи озодагони ҷаҳон дар пайи шаҳодати қаҳрамонони набарди "Тӯфони Ал-Ақсо" эълом медорад.
Дар ин баёния таъкид шудааст: "Ин фидокориҳои бузурги муқовимати Фаластин ҳаргиз аз байни нахоҳад рафт. Уммате, ки бузургтарин фармондеҳони худро дар роҳи Худо фидо мекунад, ҳаргиз тавассути тоғутҳои замон заиф намешавад."
Шаби гузашта Ҳамос шаҳодати чеҳраҳои саршинос, аз ҷумла: Муҳаммад Синвор (Фармондеҳи кулли Қассом), Муҳаммад Зайф (Ҷонишини фармондеҳ), Муҳаммад Шабона (Фармондеҳи бригадаи Рафаҳ), Раид Саъд (Масъули бахши саноати низомӣ) ва Ҳузайфа Каҳлут (Абуубайда), сухангӯи Гурдонҳои Қассомро эълом кард.
Your Comment