28 Декабр 2025 - 09:31
Source: ABNA
Раҳбари Инқилоб: Эрон парчами муқобила бо низоми султаро барафроштааст

Раҳбари Инқилоб дар паёме ба нишасти 59-уми Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо таъкид карданд, ки иллати ошуфтагии зӯргӯён мавзуи ҳастаӣ нест, балки истодагии Эрон дар баробари назми ноодилона аст.

Ба гузориши хабаргузории АБНА, Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба нишасти солонаи Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бо ишора ба шикасти таҳоҷуми сангини артиши Амрико ва зоидаи нангини он дар минтақа, ба далели ибтикор ва шуҷоат ва фидокории ҷавонони Эрони исломӣ, таъкид карданд: «Иллати аслии ошуфтагии зӯргӯёни фосид ва муфсид, на баҳси ҳастаӣ, балки барафрошта шудани парчами муқобила бо назми ноодилона ва таҳаккуми низоми султа дар ҷаҳон ва рӯй овардан ба низоми одилонаи милливу байналмилалии исломӣ аз ҷониби Эрони исломӣ аст».

Матни паёми Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҷавонони азиз! Имсол кишвари шумо, ба баракати имон ва иттиҳод ва эътимод ба нафс, дар дунё эътибор ва вазонати тоза ёфт. Таҳоҷуми сангини артиши Амрико ва зоидаи нангини он дар ин минтақа, мағлуби ибтикор ва шуҷоат ва фидокории ҷавонони Эрони исломӣ шуд. Собит шуд, ки миллати Эрон бо баҳрагирӣ аз тавоноиҳои худ, дар сояи имон ва амали солеҳ ва дар рӯёрӯӣ бо мустакбирони фосид ва золим метавонад биистад ва даъват ба арзишҳои исломиро бо садое расотар аз ҳамеша ба дунё бирасонад.

Андуҳи амиқ ба хотири шаҳодати теъдоде аз донишмандон ва сардорон ва ҷамъе аз мардуми азизамон натавониста ва нахоҳад тавонист ҷавонони боҳиммати эрониро мутаваққиф кунад. Хонаводаҳои он шаҳидон, худ дар шумори пешравони ҳаракатанд.

Сухан аз баҳси ҳастаӣ ва чизҳое аз қабили он нест. Сухан аз муқобила бо назми ноодилона ва таҳаккуми низоми султа дар ҷаҳони кунунӣ ва рӯй овардан ба низоми одилонаи милливу байналмилалии исломӣ аст. Ин аст даъвои бузурге ки Эрони исломӣ парчами онро барафрошта ва зӯргӯёни фосид ва муфсидро барошуфтааст.

Шумо донишҷӯён, бавижа дар хориҷи кишвар, саҳме аз ин вазифаи бузург бар дӯш доред. Дилҳоро ба Худо биспоред, тавоноиҳои худро шиносоӣ кунед ва анҷуманҳоро ба ин самт ҳаракат диҳед.

Худо бо шумо ва пирӯзии комил дар интизори шумост, иншоаллоҳ.

Сайид Алӣ Хоманаӣ

Your Comment

You are replying to: .
captcha