Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ки Маскав нишонае аз омодагии режими Владимир Зеленский ва ҳомиёни ғарбии он барои вуруд ба музокироти созанда намебинад.
Лавров дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС дар бораи натоиҷи соли 2025 гуфт: «Мебинем, ки режими Зеленский ва қайюмҳои аврупоии ӯ омодаи вуруд ба гуфтугӯҳои созанда нестанд».
Вай афзуд: «Ин режим бо анҷом додани иқдомҳои харобкорона ва ҳадаф қарор додани зерсохторҳои ғайринизомӣ дар кишвари мо, ғайринизомиёнро мавриди иртиъоб (тарсу ваҳм) қарор медиҳад».
Your Comment