Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Масира, Абдулмалик Бадриддин Ал-Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳ дар суханроние эълон кард, ки тасмими Исроил барои ба расмият шинохтани «Сомалиленд» иқдоме хасмона ва бахше аз тавтиа алайҳи кишварҳои исломӣ аст.
Вай афзуд: «Ин иқдоми Исроил на танҳо Сомалӣ, балки амнияти кишварҳои минтақа, Баҳри Сурх ва Яманро низ таҳдид мекунад. Ҳадафи Исроил эҷоди пойгоҳе барои фаъолиятҳои хасмона ва заиф кардани кишварҳои минтақа аст.»
Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард, ки ҳар гуна ҳузури Исроил дар Сомалиленд ҳамчун таҳдиди низомӣ барои Яман ва минтақа талқӣ хоҳад шуд ва бояд бо он бархӯрди қатъӣ сурат гирад. Вай тасреҳ кард: «Исроил, ки худ фоқиди машрӯият аст, чӣ гуна метавонад барои дигарон машрӯият қоил шавад?»
Ал-Ҳусӣ хотирнишон кард: «Ҳар гуна ҳузури Исроил дар иқлими Сомалиленд ҳамчун ҳадафи низомӣ барои нерӯҳои мо маҳсуб мешавад. Мо ҳаргиз иҷоза намедиҳем бахше аз Сомалӣ ба пойгоҳи Исроил табдил шавад ва истиқлол, ҳокимият ва амнияти мардуми Сомалӣ ва Баҳри Сурх ба хатар афтад.»
Your Comment