Бино ба гузориши хабаргузории АБНА, Леонид Слутский, раиси Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатии Русия, дар мусоҳиба бо ТАСС гуфт: "Равобити Пекин ва Вашингтон танҳо замонӣ беҳбуд меёбад, ки Амрико даст аз ҳимояти ҷудоихоҳони Тайван бардорад." Вай таъкид кард, ки аз дидгоҳи Русия, Тайван бахши ҷудоинопазири Чин аст.
Ҳамзамон, Лин Ҷиан, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин, размоиши "Маъмурияти адолат 2025"-ро посухи мустақим ба дахолати нерӯҳои хориҷӣ ва фурӯши силоҳи 1.1 миллиарддолларии Амрико ба Тайван хонд. Артиши Чин бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ, бомбаафканҳо ва мушакҳои дурбурд ҳамлаи ҳамоҳангро симулятсия кард. Ин нахустин бор аст, ки Чин ошкоро эълом мекунад, ки ҳадафи размоишҳо ҷилавгирӣ аз мудохилаи низомии хориҷӣ мебошад.
Your Comment