Бино ба гузориши сомонаи "South China Morning Post", Доналд Трамп дар посух ба саволе дар мавриди эҳтимоли назорати Чин бар Тайван гуфт: "Ман бо Си Ҷин Пин робитаи хеле хуб дорам ва ӯ дар ин бора ба ман чизе нагуфтааст. Фикр намекунам, ки Чин бихоҳад чунин кор кунад." Вай афзуд, ки ин машқҳои низомӣ нигаронкунанда нестанд: "Чин 20-25 сол аст, ки ин размоишҳоро баргузор мекунад."
Дар ҳамин ҳол, Лин Ҷиан, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин, размоиши "Маъмурияти адолат 2025"-ро иқдоми зарурӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрии кишвар ва посух ба дахолати нерӯҳои хориҷӣ ва фурӯши силоҳ аз сӯи Амрико ба Тайван (ба маблағи 1,1 миллиард доллар) хонд. Ин размоиш шашумин давра аз соли 2022 буда ва бори аввал аст, ки Чин эълом мекунад ҳадафи он ҷилавгирӣ аз дахолати низомии хориҷӣ мебошад.
Your Comment