Ба гузориши Хабаргузории Абна ба нақл аз Би-Би-Си, Девони додгустарии байналмилалӣ назари машваратии худ роҷеъ ба «илзомоти Исроил дар бораи ҳузур ва фаъолияти Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои сеюм дар сарзаминҳои ишғолии фаластинӣ» эълом кард.
Бар асоси ҳукми содира аз сӯи Девони додгустарии байналмилалӣ мамониати ишғолгарони саҳюнист аз аъмоли муҳосираи Ғазза ва мамониат аз вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза бар хилофи қавонини байналмилалӣ аст ва ин режим наметавонад ба ин иқдоми зиддиинсонии худ идома диҳад.
Юҷи Ивасава, раиси Девони байналмилалии додгустарӣ, дар ҷаласаи оммавии имрӯз, «назари машваратӣ»-и ин ниҳод дар бораи вазоифи ин режим пиромуни тасҳили ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро қироат кард.
Раиси Девони байналмилалии додгустарӣ эълом кард: Исроил вақте гуфт, ки кормандони UNRWA вобаста ба Ҳамос ё созмонҳои дигар ҳастанд, тавҷеҳи кофӣ барои иддаоҳои худ ироа накард. Бар асоси воқеиятҳо, ҳеҷ мударраке вуҷуд надорад, ки UNRWA асли бетарафиро нақз карда ё дар тавзеъи кумакҳои башардӯстона табъиз қоил шуда бошад. UNRWA созмони аслии ироадиҳандаи кумак ба фаластиниҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ аст ва нақши ҳаётӣ дар Навори Ғазза ифо мекунад.
Юҷи Ивасава, тасриҳ кард: UNRWA бахши асосии зерсохтҳо дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст ва ниёзҳои асосии ҷамъияти фаластинӣ дар Навори Ғаззаро таъмин кардааст. Дар шароити феълӣ, ҳеҷ созмони дигаре наметавонад нақшеро, ки UNRWA ифо мекунад, анҷом диҳад. UNRWA бидуни як тарҳи интиқолии муносиб, қобили ҷойгузинӣ нест.
Вай сипас афзуд: Исроил тазмин накардааст, ки ҷамъияти Навори Ғазза маводи лозимро дарёфт кунад. Исроил муваззаф аст иҷозат диҳад ва талошҳои имдодӣ анҷомшуда тавассути Созмони Милали Муттаҳид дар сарзаминҳои фаластиниро тасҳил кунад. Исроил муваззаф аст итминон ҳосил кунад, ки ниёзҳои аввалияи ҷамъияти ғайринизомии Фаластин бароварда мешавад. Исроил бояд барномаҳои кумаки Созмони Милал, аз ҷумла барномаҳои UNRWA-ро дар Ғазза тасҳил кунад. Исроил муваззаф аст ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх иҷозат диҳад то аз афроде, ки дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин боздошт кардааст, дидан кунад.
Дар ҳукми додгоҳ тасриҳ шудааст: Бинобар назари Девон ҳеҷ мударраке вуҷуд надорад, ки UNRWA усули бетарафиро зери по гузоштааст. Девон мӯътақид аст мударракоти Исроил мубнӣ бар инки Ҳамос дар UNRWA нуфуз кардааст кофӣ нест. Девон мӯътақид аст ҳеҷ ниҳоде наметавонад ҷойгузини Ожонси имдодрасонии Созмони Милал (UNRWA) шавад. Дар раъйи Девон таъкид шуд фаластиниҳо ба кумакҳои башардӯстона ниёзи фаврӣ доранд ва UNRWA нақши аслӣ дар кумак ба фаластиниҳо дорад. UNRWA ожонси имдодрасонии Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ аст. Исроил набояд аз гуруснагӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ истифода кунад. Исроил ба унвони яке аз имзокунандагони конвенсионҳои мутафовити Созмони Милал муваззаф аст аз ҳуқуқи башари сокинони таҳти ишғол - аз ҷумла ҳуқуқи занон ва маълулон ва гурӯҳҳои осебпазир, ҳифозат кунад. Исроил дар 2 мақтаи замонӣ монеи вуруди кумакҳои инсонӣ ба дохили Ғазза шуд. Ҷобаҷоии иҷбории сокинони манотиқи таҳти ишғол тавассути нерӯи ишғолгар мамнӯъ аст. Ин мамнӯият бояд бидуни ангезаҳои сокинонаш аъмол шавад.
Ин додгоҳ соли пеш ба дархости Маҷмаъи умумии Созмони Милал расидагӣ ба ин парвандаро оғоз кард. Дар воқеъ додгоҳ назар медиҳад, ки вазифаи қонунии ишғолгарони саҳюнист дар қиболи ниҳодҳои имдодрасони Созмони Милал мисли UNRWA ва ҳамчунин дар заминаи имдодрасонӣ ба фаластиниҳо чист.
Аз замони оғози амалиёти Тӯфони Ақсо дар Ғазза, ин сеюмин парванда аст, ки алайҳи ин режим дар Додгоҳи байналмилалии Гаага иқома мешавад.
Your Comment