23 Октябр 2025 - 13:14
Source: ABNA
Вазири хориҷаи Амрико ба сарзаминҳои ишғолӣ сафар мекунад

Вазорати умури хориҷаи Амрико аз сафари вазири умури хориҷаи ин кишвар ба сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории Абна ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазираи Қатар, Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард Марко Рубио, вазири умури хориҷаи ин кишвар дар яке аз рӯзҳо дар фосилаи замонӣ аз 22 то 25 октябр ба сарзаминҳои ишғолӣ сафар мекунад.

Бар асоси ин гузориш, ҳадаф аз ин сафар, ҳимоят аз иҷрои тарҳи «Доналд Трамп» раиси ҷумҳури Амрико барои поён додан ба даргирӣ дар Навори Ғазза унвон шудааст.

Бино бар эъломи Вазорати хориҷаи Амрико, Рубио дар ҷараёни ин сафар бо бархе шарикони минтақаии Амрико, ки ба номашон ишора нашудааст, дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард то заминаҳои тақвияти раванди сулҳи пойдор ва густариши ҳамкориҳо дар минтақаи Ховари Миёнаро баррасӣ кунад.

Сафари Рубио пас аз сафари Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ва Стив Виткофф, фиристодаи вижа, ва Ҷаред Кушнер, домоди Трамп, анҷом мешавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha