17 Август 2025 - 12:59
Source: ABNA
Яман бори дигар ҳадафи бомбаборони Исроил қарор гирифт / Таркишҳои муҳиб дар ҷануби Санъо

Дар тозатарин даври ҳамлаҳои Исроил ба Яман, як истгоҳи барқ дар Санъо бомбаборон шуд.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно, манобеи маҳаллӣ дар Яман эълом карданд, ки бомдоди имрӯз (якшанбе) ду таркиши шадид, шаҳри Санъо пойтахти Яманро ба ларза даровард. Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин таркишҳо ношӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба истгоҳи барқи «Ҳазиз» дар ҷануби Санъо будааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, шоҳидони айнӣ таъйид карданд, ки дасти кам ду таркиш дар наздикии нерӯгоҳи барқ шунида шуд. Ҳанӯз гузорише дар бораи талафот ё мизони хисороти эҳтимолӣ мунташир нашудааст.

Дар нахустин вокуниши расмӣ аз сӯи мақомоти расмии Яман, «Ҳизом Ал-Асад» узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Икс навишт: "Душмани ҷинояткор ва варшикаста, танҳо таъсисоти хидматӣ ва амокини ғайринизомӣ ҳамчун барқ ва обро ҳадаф қарор медиҳад."

Ин тозатарин ҳамла аз маҷмӯаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Яман аст, ки аз июли 2024 оғоз шуд ва таъсисоти ҳаётӣ аз ҷумла бандари Ал-Ҳудайда ва фурудгоҳи байналмилалии Санъоро ҳадаф қарор додааст.

Дар муқобил, нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ҳимоят аз Ғазза ба ҳамлаҳои муқаррар бо мушакҳо ва паҳподҳои интиҳорӣ алайҳи аҳдофи исроилӣ ва киштиҳои муртабит бо ин режим дар Дарёи Сурх идома медиҳанд.

Аз сӯи дигар, ҷанги Ғазза, ки аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти мустақими Амрико тавассути Исроил оғоз шуд, то кунун ба шаҳодати беш аз 61 ҳазору 897 фаластинӣ ва захмӣ шудани дасти кам 155 ҳазору 660 нафар анҷомидааст. Бештари қурбониёни ин ҷанг кӯдакон ва занон ҳастанд. Ҳамчунин беш аз 9 ҳазор нафар мафқуд, садҳо ҳазор нафар овора ва садҳо мавриди марг ношӣ аз қаҳтӣ, аз ҷумла беш аз 100 кӯдак, гузориш шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha