24 Ноябр 2020 - 14:24
Раҳбари инқилоби исломӣ: Ба бегонагон наметавон итминон кард

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ба бегонагон наметавон итминон кард ва ба умеди кушоиши онҳо буд.

ABNA24: Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар дидори раисони се қувва ва дигар аъзои Шӯрои олии ҳамоҳангии иқтисодии Эрон, таҳримҳоро як воқеияти талху ҷинояти Амрико ва шарикони аврупоӣ зидди миллати Эрон донистанду гуфтанд: "Ин ҷиноят солҳо аст ки зидди миллати Эрон анҷом мешавад, аммо дар се соли ахир шиддат ёфтааст".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба масири ғалаба бар таҳримҳову беасар кардани онҳо гуфтанд: "Ин масир мумкин аст дар ибтидои кор сахтиҳову мушкилоте дошта бошад, аммо бо талошу ибтикор ва бо сина сипар кардан дар муқобили мушкилот метавон бар таҳримҳо ғалаба карду тарафи муқобил агар беасар шудани таҳримҳоро бибинад, ба тадриҷ даст аз таҳрим бархоҳад дошт".

342/