13 Апрел 2025 - 22:45
Source: Parstoday
Беэътиноии саноъати нафти Эрон ба таҳримҳо; Рекордзании содирот ба Чин

Порстудей-Додаҳои мунташиршуда нишон медиҳад, ки содироти нафти Эрон ба Чин бо афзоиши бесобиқа ба беш аз 1.8 миллион бушка дар рӯз расидааст.

Додаҳои тоҷирон ва таҳлилгарон нишон медиҳад, ки воридоти нафти Чин аз Эрон дар моҳи марти 2025 (исфанд ва фарвардин 1403 шамсӣ) афзоиш ёфтааст.

 Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Мизон, ин афзоиш дар миёни нигарониҳо дар бораи инки таҳримҳои бештари Амрико алайҳи Теҳрон мумкин аст арзаро ташдид кунад, рӯй медиҳад.

 Бар асоси додаҳои ширкати радёби киштии Вуртксо, воридоти нафти Чин аз Эрон дар моҳи март аз 1.8 миллион бушка дар рӯз фаротар рафт, ки болотарин рақам дар таърих ба шумор меравад. Ин амр ҳамзамон бо афзоиши сатҳи мавҷудӣ дар маркази полоишгоҳи мустақили устони Шондунги Чин аст.

  Дар ҳамин ҳол додаҳои ширкати таҳлилии Кpler, содироти нафт Эронро ба Чин дар моҳи март 1.71 миллион бушка дар рӯз нишон медиҳад, ки 20 дарсад аз 1.43 миллион бушка дар рӯз дар моҳи феврал (баҳман ва исфанди 1403 шамсӣ) ва болотарин рақам дар 5 моҳи гузаштааст.

2 манбаъи тиҷории дигар, ки ҷараёнҳои содироти нафти Эрон ба Чинро думбол мекунанд, воридоти моҳи мартро ба тартиб 1.67 миллион ва 1.8 миллион бушка дар рӯз баровард карданд.

 Додаҳои kpler нишон дод, ки нафти Эрон 16 дарсад аз воридоти нафти хоми баҳрии Чин дар моҳи мартро ташкил медиҳад.

 Аммо Лӣ, таҳлилгари аршади Вартксо ва як манбаъи полоишгоҳии мустақар дар Чин,шитоб барои хариди нафти Эронро вобаста аз нигаронии тоҷирон ва полоишгоҳҳо аз ихтилолоти бештар дар арза медонанд.

 Бар асоси гузориши Вартксо, захоири кулли хушкӣ дар устони Шондунг дар моҳи март нисбат ба феврал 22 миллион бушка афзоиш ёфт, ки бо афзоиши воридот аз Эрон мутобиқат дорад.

 Афзоиши мавҷудӣ, ки як рекорд барои як моҳ аст, дар сайтҳои захирасозӣ дар бадари Шондунг мутамаркиз шудааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha