22 Декабр 2024 - 18:38
Ҳамлаи террористии пизишки Саудӣ дар Олмон; интиқоми яманиҳо аз Тел Авив ва ибтикори пизишкони эронӣ дар ташхиси саратон

Бинобар эъломи мақомоти олмонӣ, омили амалиёти зергирӣ бо худрав дар шаҳри Магдебург дар шарқи Олмон, як табааи арабистонӣ аст, ки дар соли 2006 вориди Олмон шуда. Дар ин ҳамла, дастикам 11 нафар кушта ва 60 то 80 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Буҳрони сиёсӣ дар Канада, амалиёти мушакии Яман алайҳи режими саҳюнистӣ, баргузории тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар Кубо, беэътиноии Амрико ба вазъияти асафбори кӯдакон дар Ғазза, ибтикори муҳаққиқони эронӣ дар ташхиси саратону хурӯҷи нахустин гуруҳ аз низомиёни Фаронса аз Чад, гузидае аз охирин таҳаввулоти ҷаҳон аст, ки дар ин гузориш аз Порс тудей мехонед:

Буҳрони сиёсӣ дар Канада.  Трюдо як сеюми аъзои кабинаро тағйир дод

Ба гузориши шабакаи Ал Олам, Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада дар буҳбуҳаи танишҳои сиёсӣ ва дархостҳо барои канорагириаш аз қудрат, ҷумъашаб як сеюм аз аъзои кабинаи 35 нафариашро тағйир дод. Мунтақидони Трюдо, вайро таҳти фишор қарор додаанд то пеш аз интихоботи порлумонӣ дар октябри 2025 аз симати худ канорагирӣ кунад.

Шаҳрванди Саудӣ омили ҳамлаи террористӣ дар Олмон

Бинобари эъломи мақомоти олмонӣ, омили амалиёти зергирӣ бо худрав дар шаҳри Магдебург дар шарқи Олмон, як табааи арабистонӣ аст, ки дар соли 2006 вориди Олмон шуда. Дар ин ҳамла, дастикам 11 нафар кушта ва 60 то 80 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон дар паёме ин ҳамларо як иттифоқи «ҳавлнок» тавсиф кард.

Ҳамлаи мушакии Яман ба сарзаминҳои ашғолӣ/18 саҳюнист захмӣ шуданд

Ба гузориши Ал Олам, Созмони имдод ва наҷоти режими саҳюнистӣ бомдоди шанбе аз захмӣ шудани дастикам 18 саҳюнист дар пайи ҳамлаи мушакии Яман ба шаҳри Тел Авив хабар дод. Артиши режими саҳюнистӣ низ эълом кард, ки мӯшаки шиллик шуда аз Яман дар минтақаи Ёфо воқеъ дар Тел Авив, маркази сарзаминҳои ишғолӣ фурӯд омада ва хисоратҳои моддӣ ва инсонии зиёде ба ҷой гузоштааст.

Пизишкони эронӣ аз ҳуши маснуӣ барои пешбинии як вижагии саратон истифода карданд

Пажӯҳишгарони эронӣ бо баҳрагирӣ аз фанноварии ҳуши маснуи равишеро ибдоъ карданд, ки бо истифода аз он метавон як вижагии муҳими саратонро пешбинӣ кард. Ин муҳаққиқон бо ин равиш тавонистанд тағйироти босуботи термудинамикӣ, ки дар натиҷаи фосфоризатсияи тирозин ба вуҷӯд меоядро пешбинӣ кунанд. Фосфоризатсияи тирозинҳо аз вижагиҳои боризи бисёре аз саратонҳо ҳастанд.

Хурӯҷи нахустин гуруҳ аз низомиёни Фаронса аз Чад

Вазорати дифои Чад рӯзи ҷумъа эълом кард, ки нахустин гуруҳ аз низомиёни Фаронса аз ин кишвари африқоӣ хориҷ шуданд. Давлати Чад пештар бо эъломи инки ба қарордоди ҳамкории низомии худ бо Фаронса поён додааст аз неруҳои фаронсавӣ хоста буд, Чадро тарк кунанд. Фаронса ҳудӯди ҳазор персонели низомӣ дар Чад дорад.

Пеш аз Чад, бархе дигар аз кишварҳои Африқо, аз ҷумлаи Молӣ, Нигерия, Габон ва Буркина Фасо низ ба таври расмӣ ба ҳузури низомиёни Фаронса дар кишварҳои худ поён дода буданду Сенегал низ эълом кардааст ба зӯдӣ пойгоҳҳои низомии Фаронса дар хоки ин кишвари африқоӣ ҳам барчида мешавад.

Баргузории тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар Кубо

Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Кубо алайҳи таҳримҳои Амрико алайҳи кишварашон тазоҳурот карданд. Ин тазоҳурот рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ ва муқобили сафорати Амрико дар Гавана ва ба раҳбарии Раул Кастро, раисиҷумҳури собиқ ва Мигел Диас-Канел, раисиҷумҳури феълии Кубо баргузор шуд.

Русия: Амрико ҳеҷ эътиное ба шароити кӯдакони Ғазза намекунад

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, Иёлоти муттаҳидаро ба бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти кӯдакони Ғазза муттаҳам кард. Вай дар ин хусӯс гуфт, Иёлоти муттаҳида ба далели ҳимоят аз режими саҳюнистӣ, алоқае ба расидагӣ ба вазъияти кӯдакони Ғазза надорад.

342/