Ба гузориши «Садои Хуросон», ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор ду тараф дар мавриди вазъият ва чашмандози тавсеаи равобити мушорикати стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаву тазмини ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Беларус баҳсу табодули назар карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ҳамкории байни ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, Комиссияи байнидавлатии тиҷорат ва масоили иқтисодии Тоҷикистону Беларус гуфтугӯ карданд.
342/