Расонаҳо асри сешанбе аз мунфаҷир шудани чандин дастгоҳи иртиботӣ дар чанд минтақаи Лубнон хабар доданд.
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон дар ин иқдоми террористӣ, 2 ҳазору 750 нафар захмӣ ва 11 тан низ шаҳид шуданд.
Ба гузориши Порс тудей, Сайидмуҳаммад Марандӣ, устоди донишгоҳ ва фаъоли шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: «Тамомии ширкатҳои ғарбӣ, тайванӣ, кореяӣ ва ҷопонӣ, ки колоҳои электронӣ ё батареяҳои ҳамроҳ бо занҷираи таъмини худ тавлид мекунанд, комилан ғайриқобили эътимод ҳастанд. Маҳсулоти онҳо метавонанд алайҳи шумо, хонаводаҳоятону атрофиёнатон силоҳ шаванд. Колоҳои онҳоро нахаред.»
342/