Ба гузориши сомонаи Ховар, боздидкунандагон дар толорҳои намойишгоҳи музеии миллӣ бо давраҳои тарихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик аз ҷумлаи осори даврони ҳаҷар, асри мафрағ, фарҳанги зартуштӣ, ҳахоманишиён, юнонӣ-бахтиёриён, кушониҳо ва сосониён ошно шуданд ва аз ёфтаҳои нодири Панҷакент ва Истаравшани бостонӣ, насхи хаттӣ ва чопи сангии ниёкон ва осори нодири ин давра боздид карданд .
Доктори Алиризои Золӣ, раиси донишгоҳи улумпизишкии шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз боздид аз салонҳои намоишгоҳ, назароти худро дар китоби меҳмонони ифтихории музеи миллӣ навишт.
342/