Режими саҳюнистӣ душанбе, аввали апрели 2024 дар иқдоми террористӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ҳамла кард, ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт нафар аз мусташорони аршади низомии Эрон шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон, иқдоми Тел Авивро ҳамла ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон ва таъкид карданд, режими саҳюнистӣ “танбеҳ” хоҳад шуд.
Дар ҳамин росто, бомдоди рӯзи якшанбе (14 апрели 2024) Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо “амалиёти танбеҳии ваъдаи содиқ” бо шиллики паҳподу мӯшак ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ , иқдом ба танбеҳи ин режими мутаҷовиз кард.
Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон душанбешаб рӯйкарди дугонаи Австралия Зеландияи Нав ва Канада дар баёнияи муштараки содираи худ нисбат ба ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба мақари дипломатии Эрон дар Димишқ ва ҳамзамон маҳкӯмияти эъмоли ҳаққи зотии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифои машрӯъ алайҳи мутаҷовиз вифқи модаи 51 маншури Созмони Милали Муттаҳидро маҳкӯм кард.
Вай тасреҳ кард, рӯйкарди дугонаи бархе кишварҳо, аз ҷумлаи ин се кишвар дар интихоби гузинишии ҳанҷорҳои байналмилалӣ ва ҷонибдории асфбори аз режими апартеиди саҳюнистӣ на танҳо кумаке ба коҳиши таниш дар минтақа намекунад, балки мӯҷиби ташвиқи мутаҷовизу ташдиди иқдомоти ваҳшиёна ва ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ дар Ғазза шудааст.
Канъонии Чофӣ бо ишора ба инки Австралия, Зеландияи Нав ва Канада бо ҳимоят аз ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар Фаластин ва нодида гирифтани ҳаққи торихӣ ва машрӯъи мардуми Фаластин дар таъйини сарнавишти худ, мӯҷиби тазъифи суботу амният дар минтақа шудаанд, афзуд: Ин кишварҳо савобиқи сиёҳи дигаре дар минтақа назири мушорикати мустақиму ғайримустақим дар ҷангҳои таҷовузкоронаи хунин алайҳи Ироқ ва Афғонистон доранд.
Сухангӯи дастгоҳи дипломасии Эрон тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни таъкиди муҷаддад бар пайбандии худ нисбат ба усӯлу аҳдофи Маншури милали муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилал, дар сиёнат аз амнияти миллӣ ва ҳифозат аз манофеи машрӯъи худ дар баробари ҳар гуна истифодаи ғайриқонӯнӣ аз зӯр, муқтадирона амал хоҳад кард.