Ба гузориши хабаргузории АБНА бо истинод ба Ал-Масира, манбаъҳои ғарбӣ ба тангие ишора карданд, ки Вашингтон дар Яман ба он гирифтор шудааст.
Рейтер гузориш дод: Ташдиди даргириҳо дар Яман, Вашингтонро бо муаммое рӯбарӯ кардааст.
Ин расонаи ғарбӣ эълон кард: Вашингтон таҳти фишор аст, то ба Арабистони Саудӣ кӯмак кунад, аммо дар айни ҳол дар ҷустуҷӯи он аст, ки аз густариши ҷанги пурхарҷ ба арсаи нав парҳез кунад ва ба ибораи дигар, домнаи ҷанг густариш пайдо накунад.
Ин дар ҳоле аст, ки чанд соат пеш, хабаргузории расмии саудӣ гузориш дод, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд ва нахуствазири Арабистони Саудӣ имрӯз душанбе дар Ҷидда мизбони Брэд Купер, фармондеҳи Сентком будааст.
Маҷдурони вобаста ба Арабистони Саудӣ дар Яман мутаҳаммили шикасти вазнин шудаанд ва дархости Риёз барои ҳимояти низомӣ бо мухолифати Трамп рӯбарӯ шудааст ва ӯ дасти рад бар синаи Арабистони Саудӣ задааст.
Шабакаи 12-и телевизиони режими сионистӣ эълон карда буд, ки Арабистони Саудӣ аз Вашингтон дархости ҳимояти низомӣ кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо анҷоми ҳамлаҳои мустақим алайҳи Ансоруллоҳ мухолифат кардааст.
Your Comment