3 Июл 2024 - 17:32
«Foreign Policy»: Яман шароитро барои Амрико ва муттаҳидонаш бисёр сахт кардааст

Порс тудэй - Нашрияи амрикоии «Foreign Policy» ба заъфи неруи дарёии артиши Амрико ва муттаҳидонаш дар дифо аз амнияти киштиҳои озими банодири ишғолӣ дар баробари иқтидори низомии неруҳои мусаллаҳи Яман изъон кард.

Ин нашрияи амрикоӣ бо ишора ба ҳазинаи ҳангуфти низомии эътилофи дарёии амрикоӣ ва англисӣ ва муттаҳидони аврупоиаш дар Яман ташреҳ кард, неруҳои дарёии Амрико ва муттаҳидонаш дар Дарёи Сурх пас аз сипарӣ шудани моҳҳо аз амалиёти дарёии густарда зидди Санъо на танҳо дар баробари Санъо мустаъсал шудаанд, балки ин вақфаҳо ва авзоъи ноорому мултаҳибу ҳазинаҳои ҷангии ҳангуфт, шароитро беш аз пеш душвор кардааст.Ин нашрияи амрикоӣ таъкид кард, бо вуҷӯди онки Амрико ва Англия талоши зиёде барои тазъифи қудрати низомии яманиҳо дар ҳадаф қарордодани киштиҳои бории озими банодири ишғолӣ кардаанд, аммо ин талош баҳои ҳангуфт ва бенатиҷа барои онҳо доштааст.

Аммо неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар Дарёи Сурх идома хоҳанд дод.


342/