Пас аз гузашти ҳашт моҳ аз амалиёти Тӯфони Алақсо ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза , Шӯрои амнияти Созмони Милал қатъномаи пешниҳодии Амрико дар бораи таваққуфи даргириҳо дар Ғаззаро бо 14 райи мувофиқ ба тасвиб расонад .
Ин иттифоқ дар пайи таҳаввулоти дигар дар сарзаминҳои ишғолӣ ва истеъфои бархе аз аъзои Кабинаи Нитанияҳу мӯҷиб шуд то шикасти режими саҳюнистӣ бо райи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ошкоро таъид шавад .
Ба гузориши Порс Тудей , « Асғари Зореъӣ » коршиноси масоили ғарби Осиё дар гуфтугў бо Исно афзӯд : Мақомоти режими саҳюнистӣ бар ин боваранд ки ақабнишинӣ дар ҷанги Ғазза ба маънои фурӯпошии комили ин режим аст . Вай бо ишора ба истеъфои бархе аз аъзои кабинаи режим саҳюнистӣ гуфт : Аъзои кабинаи Исроил , Нитанияҳуро омили шикасту нокомӣ дар муқобил ҲАМОС медонанд. Зореъӣ изофа кард : Хисорати сангин дар тамомии арсаҳо нишондиҳанда ин аст, ки режими ҷаълии саҳюнистӢ шикасти хӯрда ва ҳузури бархе чеҳраҳои ҷадиди ифротӣ дар Кабинаи Нитанияҳу баёнгари сохтори ҷангафрӯзонаи онҳост .
342/