24 Июн 2024 - 15:48
Битарсону бимон; бозии амниятии Вашингтон бо Корея ва Ҷопон ба куҷо хоҳад кашид

Порс туде вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ аз тавофуқи Сеул, Токиё ва Вашингтон бар сари афзоиши ҳамкориҳои амниятӣ хабар дод.

Чо Тэ-Юл вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ, далели афзоиши ҳамкориҳои амниятии миёни ин кишвар бо Ҷопон ва Амрикоро имзои муоҳидаи амниятии ҷадиди миёни Русия ва Кореяи Шимолӣ эълом кард.

Ба гузориши Порс туде, Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин қарор аст размоишии ҷадид бо унвон "Лабаи Озодӣ"-ро тобистони соли ҷорӣ баргузор кунанд .

Амрико дар солҳои ахир бо иттиҳомзаниҳои густарда талош карда аст, Кореяи Шимолиро таҳдиди барои шарқи Осиё муаррифӣ кунад ин дар ҳоле аст ки Кореяи Шимолӣ, Амрико ва муттаҳидонашро омили аслии афзоиши танишҳо дар минтақа медонад .

Пеш аз ин муовини раиси ситоди муштарак дар камиссиюни марказии низомии Чин бо баёни ин ки Амрико бузургтарин чолиш барои амният ва суботи минтақаӣ аст гуфта буд:

Вашингтон ба дунболи эҷоди як нусха аз НАТО дар минтақаи Осиё ва уқёнус ором аст то ҳижмунияшро дар минтақа ҳифз кунад.

342/