Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Алиризо Ҳақиқиён-сафири Эрон дар Тоҷикистон ба унвони раиси ҳайати эронӣ дар севумин конфронс байналмилалии сатҳи олии даҳаи байналмилалии иқдоми «Об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028» дар рӯзи сешанбе 11 июн ширкат ва суханронӣ кард.
Сафири Эрон бо ишора ба ҳамабастагии об, ғизо ва энергӣ дар заминаи об барои тавсеаи пойдор изҳор дошт, Эрон садҳо(обанборҳо)и муштараки зиёде бо кишварҳои ҳамсоя дорад, ки собиқаи баҳрабардорӣ аз онҳо ба беш аз 50 сол мерасад ва ахиран низ як сади муштараки ҷадидро, ки тавассути муҳандисони эронӣ рӯйи рӯдхонаи марзӣ бо ҷумҳури Озарбойҷон сохта шудааст, ифтитоҳ кардем.
342/