Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳақиқиён дар ин дидор зимни ташреҳи равобити рӯ ба тавсеа байни Эрон ва Тоҷикистон, бавежа дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, ба пурсишҳои ҳозирон дар хусуси чигунагии фаъолият дар ҳавзаҳои мухталифи кишоварзӣ ва содироти таҷҳизоти обёрӣ ва судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ посух дод.
Ҳақиқиён бо ишора ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар давлати сездаҳум, ҳузури фаъолони иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва содиркунандагони хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар Тоҷикистонро дорои аҳамият донист ва бар густариши равобити ҳамаҷониба бо ин кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг таъкид кард.
342/