18 Май 2024 - 21:21
Агар мехоҳед решаи ихтилофот дар ғарби Осиёро бифаҳмед, ба Сайкс-Пико руҷуъ кунед

Порс тудей-Барои дарки амиқтари буҳронҳои кунунии ғарби Осиё, бояд ба қарордоди Сайкс-Пико, ки дар 16 маи 1916 байни кишварҳои Франса ва Биритониё имзо шуд, нигоҳи дақиқтар дошт. Ин қарордод ояндаи ғарби Осиёро ба тарзи чашмгире таҳти таъсир қарор дод ва заминасози бисёре аз мушкилоти феълии минтақа шуд.

Дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии аввал ва пас аз фурӯпошии императории усмонӣ, се кишвари истеъморгари аслӣ, яъне Фаронса, Биритониё ва Русия тасмим ба тақсими сарзаминҳои усмонӣ гирифтанд. Ин тақсимбандӣ бар асоси манофеъи истеъмории онҳо анҷом шуд ва на бар мабнои воқеиятҳои ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ ва қавмии минтақа. Марк Сайкс аз Биритониё ва Франсуа Жорж Пайко аз Фаронса, меъморони ин тақсимбандӣ буданд ва номи ин қарордод низ аз номи онҳо гирифта шудааст.

 Ин қарордод мӯҷиби тарсими марзҳои ҷадид ва тасаннӯъӣ дар ғарби Осиё шуд, ки ҳеҷ гуна таваҷҷуҳе ба ирода ва хостаҳои мардуми ин манотиқ надошт. Ба думболи поёни Ҷанги ҷаҳонии аввал дар ноябри 1918 ва фурӯпошии императории усмонӣ, умедҳо барои истиқлоли кишварҳои арабӣ якпорча ба ҳақиқат напайваст. Ба ҷойи он Биритониё ва Фаронса тавонистанд нуфузи худро дар минтақа аз тариқи тарҳи қаймумият дар январи 1919 тақвият кунанд. Ин тарҳ ба кишварҳои арабии ғарби Осиё иҷозаи истиқлол надод ва онҳоро таҳти контроли Биритониё ва Фаронса қарор дод.

 Ин тақсимбандӣ натанҳо мӯҷиби бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа шуд, балки ихтилофоти динӣ ва мазҳабиро низ ташдид кард. Манотиқе монанди Фаластин, Урдун, ҷануби Ироқ ва бахшҳое аз Сурия ва Лубнон таҳти контроли мустақими Биритониё ва Фаронса қарор гирифтанд. Ин тақсимоти маснуӣ, заминасози ҷангҳо ва даргириҳои гуногуне дар даҳаҳои баъдӣ шуд.

 Муҳаммадризо Ҳоҷиён, коршиноси масоили ғарби Осиё мӯътақид аст, ки яке аз мушкилоти аслии қарордоди Сайкс-Пико  нодида гирифтани барқасдонаи воқеиятҳои минтақа тавассути истеъморгарон буд. Вай баён мекунад, ки муҳиммтарин бахши ин қарордод ишғоли Фаластин ва нодида гирифтани ҳуқуқи мардум ин сарзамин буд, ки заминасози тасаллути Биритониё бар Фаластин шуд.

 Дар ҳоли ҳозир бисёре аз кишварҳои минтақа ҳамчунон аз паёмадҳои қарордоди Сайкс-Пико ранҷ мебаранд. Барои мисол тайи солҳои ахир шоҳиди бурузи ихтилофоти марзӣ байни Туркия ва Ироқ будаем, ки бархоста аз тақсимбандиҳои маснуии Сайкс-Пико аст.

 Маҳдии Шикебоӣ, дабири кулли Ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин низ мӯътақид аст, ки тавофуқи Сайкс-Пико аввалин гом барои ташкили Исроил дар минтақа буд. Ба гуфтаи вай, ҳадафи Биритониё аз ташкили Исроил истифода аз захираҳои нафти минтақаи ғарби Осиё ва Фаластин буд. Ин ҳадаф дар қолаби баёнияи Балфор(Balfour) дар 2 ноябри 1917 ба шакли амалиётӣ даромад. Биритониё аз соли 1920 то 1948 бо фароҳам кардани заминаҳои муҳоҷирати яҳудиён ба Фаластин, ҷамъияти яҳудиён дар ин сарзаминро ба таври чашмгирӣ афзоиш дод. Дар соли 1917 яҳудиён танҳо 6 дарсади ҷамъияти Фаластинро ташкил медоданд, аммо дар соли 1948, ки Исроил эъломи мавҷудият кард, ҷамъияти яҳудиён ба 600 ҳазор нафар расид ва ҳудуди 800 ҳазор фаластинӣ овора шуданд.

 Дар соли 2016, Фаластин тайи баёнияе Англистонро масъули тамоми фоҷеъаҳои ба вуҷуд омада эълом кард ва аз давлати Англистон хост то ба далели ин рафторҳои худ узрхоҳӣ кунад. Аммо Треза Ме, нахуствазири вақти Англистон дар посух ба ин дархост баён кард, ки давлати Биритониё ба эъломияи Балфор ифтихор мекунад.