Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Масира, Қувваҳои мусаллаҳи Яман имрӯз чоршанбе дар баёния эълом карданд: ба шарофати Худованд, фурудгоҳи байналмилалии Малик Холид дар Риёзро бо як мушаки баллистӣ ҳадаф қарор додем, ки ба исибати дақиқ ва мустақим анҷом ёфт.
Дар баёнияи содиршуда аз ҷониби Қувваҳои мусаллаҳи Яман дар ин бора омадааст: мо амалиётро бо истифода аз ۳ мушаки баллистӣ алайҳи маҳали ҷамъшавии қувваҳои душмани Саудӣ дар минтақаҳои «Раъсул-Ара» ва «Ал-Мазариба» иҷро кардем. Дар пайи ин амалиёт алайҳи мавқеъҳои ҷамъшавии душман дар минтақаҳои Раъсул-Ара ва Ал-Мазариба, шумораи зиёди талафот (кушта ва захмӣ) гузориш шуд ва чандин дастгоҳи мошини ҳарбии онҳо ҳам аз кор афтоданд.
Your Comment