Муҳаммади Ҳусайнзода, мудири кулли фарҳангу иршоди исломии Хуросони Разавӣ рӯзи сешанбе (14 май), ки Рӯзи Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст, дар маҳалли баргузории ойини бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ афзуд: Имрӯз андешамандону донишмандон дар ҳамоиши илмии Фирдавсӣ ва нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар сайри тамаддуни эронӣ – исломӣ суханронӣ хоҳанд кард.
Мудтри кулли фарҳангу иршоди исломии Хуросони Разавӣ афзуд, дабирхонаи ин ҳамоиш беш аз 240 мақола аз пажӯҳишгарони кишварҳои мухталиф дар робита бо ин мавзуъ дарёфт карда, ки бахше аз ин мақолот тадвин ва дар қолаби китоб мунташир хоҳад шуд.
342/