Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд : Сардори рашиду фидокори ислом , сарлашкари посдор « Муҳаммадризои Зоҳидӣ »ва ҳамразми бузургвораши сардор « Муҳамадҳоди Ҳоҷи Раҳимӣ » бо ҷинояти режими ғосиб ва манфӯри саҳюнист ба шаҳодат расиданд .
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ фармӯданд : Салому раҳмати Худо ва авлиёаш бар онону дигар шаҳидони ин ҳодиса , ва лаънату нафрин бар сардамдорони режими золиму мутаҷовизи Исроил ; шаҳидон аз Худованди меҳрбони худ , нишони қабули муҷоҳидати дарозмуддати худро дарёфт карданд ва ҳамакнӯн дар ҷамъи авлиёъ, мутанаъим ба неъмалоҳанд .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Диловармардони ислом режими хабису наслкуши Исроилро муҷозот ва онҳоро аз ин ҷиноят ва амсоли он пушаймон хоҳанд кард.
Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ асри дирӯз ( душанбе ) бахши консулии сафорати Эрон дар хиёбони Алмазаи Димишқро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор доданд .
Бар асари ин таҷовуз ҳафт нафар аз аъзои дипломотик ва нерӯҳои вобастаи низомии Эрон ба шаҳодати расиданд .
342/