Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Мигел Диаз Канел, раиси ҷумҳурии Куба тайи нишасти байналмилалии марбут ба ҷунбишҳои чап дар Ҳавана, пойтахти Куба, ки намояндагоне аз 35 кишвар дар он ҳузур доштанд, бо дастори фаластинӣ ҳозир шуду зимни ибрози ҳамбастагӣ бо Луис Инасио Лула да Силва, раиси ҷумҳурии Бразилия, ҳимоят аз изҳороти Да Силва алайҳи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва ҳимоят аз мардуми Фаластин, ҷиноёти ин режим зидди фаластиниён, бавижа дар борикаи Ғаззаро маҳкум кард.Густаво Петро, раисҷумҳури Колумбия, дар шабакаи иҷтимоӣ бо Луис Инасио Лула да Силва изҳори ҳамраъйӣ карду навишт: Дар Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ наслкушӣ сурат мегирад ва ҳазорон кӯдак, занон ва пиронсолони осоиштаи фаластинӣ бераҳмона шаҳид мешаванд. Президенти ҷумҳурии Бразилия фақат ҳақро гуфт ва ҳақиқатро муҳофизат кардан лозим аст, вагарна ваҳшигарӣ моро нобуд мекунад.
Луис Арсе, раиси ҷумҳурии Боливия бо нашри як матлаб дар шабакаи иҷтимоии “X”, бо баёни ҳамраъйии худ бо Луис Инасио Лула да Силва навиштааст: “Раиси ҷумҳурии Бразилия дар бораи наслкушии режими саҳюнистӣ бар зидди фаластиниёни диловар ҳақиқатро гуфтааст. Таърих касонеро, ки нисбат ба ин ваҳшигарӣ бепарвоянд, намебахшад”.