Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаеро дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ зидди мардуми бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохта аст.
Аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғаззаи 21 ҳазору 320 фаластинӣ, ки умдаи онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба шаҳодат расида ва 55 ҳазору 603 фаластинӣ низ маҷрӯҳ шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Само, дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Борикаи Ғазза эълом кард, Ҷабар Абӯ Ҳадрус, хабарнигори шабакаи “Ал Қудс Ал Явм” дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба манзилаш дар урдӯгоҳи Насирот, шарқи Ғазза ба шаҳодат расид.
Субҳи рӯзи ҷумъа низ Абдуллоҳ Ҳамод, хабарнигор ба ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш дар бомбаборони ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шаҳид шуданд.
Бо шаҳодати ин ду хабарнигор, шумори шуҳадои хабарнигор дар Ғазза ба 106 нафар афзоиш ёфт.
342/