13 Сентябр 2023 - 18:13
 Муофияти 80 дарсади колоҳо аз аворизи гумрукӣ дар минтақаи озоди тиҷории АвруОсиё ва Эрон

Вазири бозаргонии комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ҳаддиақал 80 дарсади ақломи тиҷорӣ мумкин аст бар асоси қарордоди тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон, аз аворизи гумрукӣ муоф шаванд.

Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар декабри 2021 пешнависи протоколи тавофуқи муваққати лозим барои ташкили минтақаи озоди тиҷорӣ байни АвруОсиё ва Эронро тасвиб кард. Ин протокол тамдиди қарордодро ба муддати се сол ё то замоне ки тамоми форматҳои марбутаи қарордод лозимулиҷро шавад, пешбинӣ мекунад. Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Бишкек, Андрей Слепанов, вазири бозаргонии комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар ҳошияи Маҷмаи иқтисоди Шарқ гуфт, ин мавзуъ ба таври фаъол тавассути тарафайн дар ҳоли баррасӣ аст. Тибқи ин гузориш, даври баъдии музокирот дар ин хусус, ки дар поёни сентябр дар Маскав баргузор мешавад, мавзӯи созмондеҳии минтақаи тиҷории озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

342/