Ба гузориши хабаргузории “Алмаълума”, Зайнаб Ал-Мусавӣ, яке аз намояндагони фраксияи порлумонии Ассодиқун дар суханоне изҳор дошт: Таҳримҳои ахири Амрико алайҳи бонкҳои ироқӣ бо ҳадафи таҳрики афкори умумӣ дар ин кишвар алайҳи давлати Муҳаммад Ас-Судонӣ ҷорӣ шудааст. Ал-Мусавӣ бо баёни ин ки мудохилоти Амрико тайи рӯзҳои оянда дар Ироқ афзоиш пайдо хоҳад кард ва чӣ басо дигар бонкҳои ин кишвар низ тавассути Вашингтон таҳрим шаванд, афзуд: Тамоми иқдомоти Амрико дар тазод бо қавонини байналмилалӣ аст ва ин дар ҳолест, ки шоҳиди дастовардҳои давлати Ас-судонӣ дар заминаи мубориза бо фасод ва дигар парвандаҳои ҳокимиятӣ ва иқтисодӣ ҳастем.
342/