Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс, Носири Канъонии Чофи сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон рузи душанбе дар нишасти хабарии ҳафтагӣ бо хабарнигорон дар бораи гумоназании бархе расонаҳо мабни бар зарурияти музокира бо Амрико афзуд: Мавзеъи Эрон дар муқобили Амрико комилан мушахас буд зимни ин ки намодҳо ва намунаҳои рафтори ҷиноятомези Амрико дар муқобили давлат ва миллати Эрон возеҳ аст.
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Нигоҳи Эрон ба Амрико баромада аз рафтори ҷиноятомези ин кишвар аст ва то замоне, ки нигоҳи давлати Амрико иваз нашавад нигоҳи Эрон низ иваз нахоҳад шуд.
Канъонии Чофи ҳамчунин бо таъкид бар пойбандии Эрон ба музокира ба дидори Алии Бориқи Канӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо Энрике Мора муовини масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Давҳаи Қатар афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба тамоюли аврупо барои анҷоми гуфтугуи бо Эрон нишасти музокиракунандагони аршади Эрон бо мақомоти аршади се кишвари аврупоӣ баргузор ва дар идомаи гуфтугуҳои қабли нишасти ҷадиди дар Абузаби ва нишасти ҳам бо Мора дар Давҳа баргузор шуд.
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Мавозеъи Эрон ба сароҳат ба тарафҳои аврупоӣ баён ва дидгоҳҳои тарафи муқобил шунида шуда аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дастёби ба натоиҷи мусбат аз раванди музокироти рафъи таҳримҳо аз ҳамаи зарфиятҳои дипломати истифода ва аз тамоюлҳо тавом бо ҳусни ният зарфиятҳои минтақаӣ истиқбол мекунад.
342/