20 Июн 2023 - 10:19
Дабири шурои олии амнияти миллӣ: Муқовимати Фаластин ба марҳалаи таҳкими ҳузур дар Каронаи Бохтари расида аст

Дабири шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" таъкид кард: Муқовимати Фаластин ба марҳалаи таҳкими ҳузур дар Каронаи Бохтари расида аст.

Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки дар сарварии ҳайати олирутба имруз душанбе вориди Теҳрон шуд ва бо Алиакбари Аҳмадиён дабири шурои олии амнияти миллӣ дидор ва пайромуни таҳавулоти минтақа ва охирин таҳавулоти сиёсӣ ва майдонии Фаластин ва баррасии роҳҳои тақвияти ваҳдат ва инсиҷоми ҳарчи бештар миёни гуруҳҳои муқовимат бо вай гуфтугу ва табодули назар кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дабири шурои оли амнияти миллӣ бо ишора ба таҳавулоти ҷорӣ дар сарзаминҳои ишғоли, ки сабаби тарсу ваҳшат ва сардаргумии сарони режими саҳюнистӣ шуда аст афзуд: Коромадтарин роҳбурд барои поён додан ба беш аз 75 сол ишғоли Фаластин муқовимат аст.

Аҳмадиён бо баёни ин ки имруз тамоми ҷаҳони ислом аз дастовардҳои муқовимат баҳраманд аст гуфт: Вуруди муқовимат дар набарти Сайфулқудс нуқтаи атфи дар ин замина буд, ки дастовардҳои роҳбурди барои муқовимат ба ҳамроҳ дошт.

Дар ин дидор раиси дафтари сиёсии Ҳамос низ бо қадрдони ва таҷлили аз нақши мумтоз ва муассири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тақвияти ваҳдат ва ҳамкори дар ҷаҳони Ислом ва гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ гузориш аз таҳавулоти сиёсӣ ва майдонии Фаластини ишғоли ва барномаҳои муқовимат барои ҳифз ва тақвияти ибтикори амал дар баробари режими саҳюнистиро ироа кард.

342/