Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз пойгоҳи хабарии «Араб 48», бар асоси тозатарин назарсанҷии анҷом шуда, Бенни Гантс (Benny Gantz), вазири пешини ҷанг ва аз чеҳраҳои шохиси оппозисюн, тавониста, ки аз Натаняҳу пешӣ гирад, ҳамчунон, ки ҳизби Гантс (урдӯгоҳи миллӣ) низ дар сӯрате, ки интихоботи Кнессет имрӯз баргузор шавад аз ҳизби Ликуд ба раёсати Натаняҳу пешӣ мегирад.
Натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳамчунин ҳикоят аз он дорад, ки маҳбӯбияти аҳзоби эътилофи рости кунӯнӣ, ки кабинаи Натаняҳуро ташкил медиҳанд, коҳиш ёфта ва нисбат ба интихоботи ахири Кнессет 10 курсӣ аз даст додааст.
Барасоси ин назарсанҷӣ ҳизби Ликуд ба раёсати Натаняҳу, дар ҳоли коҳиши маҳбӯбият аст ва дар сӯрати баргузории интихобот танҳо хоҳад тавонист 26 курсиро бадаст оварад.
342/