Дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар суханоне пешхутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон, бо қадрдонӣ аз муҳаббатҳои мардум дар таҷлил аз бозгашти ғурурофарини новгурӯҳи 86 –и Нерӯи дарёӣ афзуд: Имрӯз Нерӯи дарёии роҳбурдии артиш мутафовит аз қабл дар саҳна ҳузур дорад ва иқдомотро дар арсаи ҷаҳонӣ ба анҷом хоҳад расонд.
Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки дар ҳар куҷои ҷаҳон ниёз бошад неруи дарёӣ ҳузур пайдо хоҳад кард, гуфт: Душман бидонад, Ҷумҳурии исломии Эрон таҳримнопазир аст. Новгурӯҳи 86-и Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз тай кардани 65 ҳазор километр дарёнавардӣ ба даври кураи Замин ва убур аз уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлас, шанбеи 20 май вориди обҳои сарзаминии кишвар шуд ва дар маҳдудаи обҳои БандарАббос, дар обҳои халиҷи Форс мавриди истиқболи ҷангандаҳои Нерӯи ҳавоии артиш ва анбуҳе аз шиноварҳои эронӣ қарор гирифт.
342/