Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён бомдоди чаҳоршанбе дар бадви вуруд ба Маскав дар бораи баргузории нишасти чаҳорҷонибаи Маскав гуфт: Соли гузашта шароити хеле сахте дар минтақа эҷод шуду эҳтимоли бурузи даргирии низомӣ дар манотиқи марзии Сурия аз сӯи Туркия қувват гирифт.
Амирабдуллоҳиён гуфт, талоши дипломатии зиёде анҷом шуд, ки монеъи вуқуъи як ҷангу даргирии ҷадид дар минтақа ва марзи муштараки Туркия ва Сурия шавем.
Вай афзуд, шояд такмилкунандаи талоши Эрону талоши муштараки Теҳрон - Маскав, нишасти сарони Остона дар Теҳрон буд.
Вазири умӯри хориҷа гуфт, хушбахтона яке аз натоиҷи сарони Остона дар Теҳрон, тамаркуз бар роҳкори сиёсӣ буд.
Амирабдуллоҳиён шомгоҳи сешанбе бо ҳадафи ширкат дар нишасти чаҳорҷонибаи вазирони умӯри хориҷа дар бораи Сурия вориди Маскав шуд.
342/