Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дишаб (ҷумъа) дар бораи тавофуқи режими саҳюнистӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва тарҳи иддаоии беасос аз сӯи сухангуи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар паёме навишт: Аз давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон хостем дар мавриди суханони вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ мабнӣ бар тавофуқ бо ин кишвар барои «ташкили ҷабҳаи муттаҳид алайҳи Эрон» тавзеҳ диҳад, аммо сухангуи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон тафра рафту суроғи иттиҳомзаниҳои ҷадид алайҳи Эрон рафт.
Канъонӣ тасреҳ кард: «Оё тадовуми сукут, муҳри таъйиди зимнӣ бар изҳороти шарики стротежии Боку нест?»
Дар ҳамин хусӯс сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёми дигаре навишт: Режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз наздик шудан ба кишварҳои мусулмон, ҳадафе ҷузи эҷоди ихтилофу чанддастагӣ дар уммати исломӣ барои таҳаққуқи хостаҳои тавсеаталабонаи худ надорад.
Вай ҳамчунин афзуд, ба бародарону хоҳарони мусулмон дар Озарбойҷон тавсия мекунем нисбат ба ниёти воқеии душмани саҳюнистӣ ҳӯшёр бошанд.
342/