Танишҳо миёни Пекин ва Тайван низ аз моҳи августи соли гузашта дар паии сафари Нэнси Плоси-раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван боло гирифтааст. Дар ин миён бо ирсоли таҷҳизоти низомӣ ва силоҳ аз Амрико ба Тайван ин таниш рӯз ба рӯз бештар мешавад . Давлати Чин ҳамвора Тайванро бахше аз хоки худ медонад ва аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳад ба асли " Чини воҳид " эҳтиром бигузоранд.
Ба гузориши Спутник, Ши И,сухангӯи фармондиҳии шарқии артиши Чин рӯзи панҷшанбе дар баёнияе гуфт : « Иқдомоти таҳрикомез ва мудохилаҷӯёнаи Амрик дар минтақа барҳамзанандаи сулҳу субот дар тангаи Тайван аст, ки мо қотеъона мухолифати худро бо ин иқдомот эълом мекунем .
342/