Ба гузориши Садои Хуросон, Алӣ Шамхонӣ дабири Шӯрои амнияти милли Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дишаб (чаҳоршанбе) дар дуввумин рӯз аз сафари худ ба Маскав бо Никалай Патрушев Дабир шӯрои амнияти миллии Русия дидор ва гуфтугӯ кард.
Шамхонӣ дар ин дидор бо ишора ба раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф, бар тақвияти ҳамгароӣ ва ҳамафзоии Эрон-Русия ба вижа бархурд бо таҳдидоти муштарак таъкид кард.
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эроон, маҳори муалифаҳои ноамнӣ дар минтақа, ки бо ҳидоят ва мудохилаи ошкор ва пинҳони кишварҳои фароминтақаӣ рӯ ба афзоиш аст-ро зарурат хонд ва гуфт: Бояд бо шарик кардани мусоиди ҳамаи кишварҳои минтақа роҳкорҳои муносибро барои муқобила бо авомили бесуботӣ иттихоз ва амалиёти шавад.
Дар ин нишаст, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, бо баёни ин, ки тасреъ дар фаъолсозии пружаҳои муштараки муҳим ба вижа дар ҳавзаи транзетии нафту газ метавонад нақши мутури мутаҳарике дар соири ҳавзаҳои ҳамкориро ифо кунад, гуфт: Афзоиши сатҳи таъомулот ва ҳамкории Эрон ва Русия ба тақвияти ҳамгароии кишварҳои минтақа бар субот бахши ба увзоъи Афғонистон ва соири конунҳои бӯҳронӣ дар минтақа кумак кунад.
Панҷумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ бо ҳузӯри дабирон ва мушовирони амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон шомили Русия, Эрон,, Чин, Ҳинд, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон, рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав баргузор шуд
342/