Раиси Ҷумҳурии Узбакистон чанди пеш адар паёми солонаи худ аз барномарези барои коҳиши теъдоди коркунон ва Вазоратхонаҳои ин кишвар хабар дода буд.
Шавкат Мирзиёев нокоромадии бюрократияи идори ва ҳамчунин сарфаҷуи дар ҳазинаҳоро иллати тасмими давлати Узбакистон барои коҳиши ниҳодҳои иҷроӣ ва коркунони давлатии ин кишвар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс бар асоси тарҳи ҷадиди давлати Узабкистон аз аввали январи соли 2023 теъдоди ниҳодҳои ирҷоӣ давлати аз 61 ба 20 Вазоратхона коҳиш меёбад.
Бар асоси ин гузориш ҳуқуқи бархе аз мудирони идораҳо ҳам то 30 дарсад коҳиш меёбад.
Ин дар ҳоле аст, ки раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар нишасти хабарии худ бо бархе масъулони ин кишвар хостори бархурди ҷидди бо мудирони бемасъулият шуда буд.
342/