Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар иҷлоси коршиносони маъдании кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар Исфаҳон бо даъват аз сармоягузорон барои ҳузур дар Тоҷикистон афзуд: Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ аст ва 93 дарсади қаламрави онро куҳҳо ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз дорои захоири фаровони маъданӣ аст, ки фаротар аз ҷадвали Менделеев мебошад.
Ӯ бо ишора ба заминаҳои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар Тоҷикистон, омодагии кишварро барои эҷоди корхонаҳои саноатӣ ва пазириши сармоягузорон аз Эрон ва кишварҳои узви ЭКО эълом кард.
Ҳаштумин иҷлоси коршиносони маъдании кишварҳои узви ЭКО рӯзи душанбеи 23 обон (14 ноябр) ба мизбонии Созмони заминшиносӣ ва бо ҳимояти Утоқи бозаргонии Исфаҳон дар бораи мулоҳизоти заминшиносӣ ва дар ростои ҳамкориҳои маъданӣ ва иктишофи маодин байни кишварҳои узв баргузор шуд, ки коршиносони маъдании шаш кишвари узви ЭКО, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Покистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар он ширкат доштанд. Ҳамзамон, ҳафтдаҳумин намоишгоҳи тахассусии санг, маодин, мошинолот ва саноеи вобаста низ рӯзи сешанбеи 24 обон (15 ноябр) дар Исфаҳон ифтитоҳ шуд ва то рӯзи 27 обон (18 ноябр) идома хоҳад дошт.
Амирҳусайни Кумайлӣ, мудири кулли санъат, маъдан ва тиҷорати устони Исфаҳон низ дар ин нишаст гуфт, Эрон барои ҳамкории муштарак бо кишварҳои узви ЭКО омодагии комил дорад.
Вай афзуд: Сиёсати қатъии Эрон - афзоиши сатҳи ҳамкориҳои минтақаӣ аст ва Созмони ЭКО ба унвони яке аз зарфиятҳои бисёр хуб барои ҳамкориҳои минтақаӣ маҳсуб мешавад.
Вай гуфт, имрӯз Эрон пас аз гузашти беш аз 40 сол аз инқилоб ба кишваре қавиву қудратманд дар дастёбии бисёре аз зерсохтҳо табдил шудааст ва дар арсаи заминшиносӣ ва иктишоф, истихроҷу фароварии маодин пешрафтҳои бисёр хубе доштааст ва зарфиятҳои бисёр болое дар ин замина дорад.
Ӯ аз зарфиятҳои хуби маодину заминшиносӣ дар кишварҳои узви ЭКО хабар дода гуфт, соири кишварҳои узви ЭКО ҳам дар ин заминаҳо пешрафти хубе доранд ва ин амр умедро бештар мекунад, ки ҳамкориҳои оянда ба таври ҷаддитару амалиётитар идома пайдо кунад.
Кумайлӣ хотирнишон кард, Эрон барои сармоягузорӣ ва ҳамкории муштарак бо кишварҳои узви ЭКО дар заминаи иктишоф, истихроҷу фароварӣ ва эҷоди шаҳракҳои санъатии муштарак дар Эрон ва ҳар кадом аз кишварҳои узви ЭКО омодагии комил дорад.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) акнун бо 10 узв, 480 миллион нафар ҷамъият ва ҳашт миллиону 620 ҳазору 697 километри мураббаъ вусъат, аз манобеи ғании энержӣ бархӯрдор аст.