21 Апрел 2022 - 21:09
Истиқрори сулҳи пойдор ва одилона дар минтақа танҳо бо рафъи комили ишғолӣ Фаластин муясар аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломи Эрон аз рӯйкарди дугона ва сукути бархе давлатҳо ва маҷомеъи байналмиллал дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ интиқод кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс , Ҳусайн Амирабдуллоҳиён  рӯйкарди дугона ва сукути бахе аз давлатҳо ва маҷомеъи байналмиллали дар қиболи Фаластинро омили  ташҷеъи режими Исроил барои ташддиди нақзи ҳуқуқи башар алайҳи мардуми Фаласти донист ва тасреҳ кард, истиқрори сулҳи пойдор ва одилона дар минтақа танҳо бо рафъи комили ишғолӣ Фаластин, бозгашти кулияи оворагон ба сарзамини хеш, таъини низоми ояндаи Фаластин бар асоси як ҳампурси бо ҳузӯри кулияи сокинин аслии он  ва дар ниҳоят ташкили давлати мустақил ва якпорчаи Фаластин бар мабнои тарҳи сиёсии сабт шудаи Ҷумҳурии Исломии Эрон назди дабирхонаи Созмони Миллали Муттаҳид муясар аст.

Амирабдуллоҳиён  дар ин мукотибот бо ибрози нигаронии амиқ нисбат ба воқеъятҳои ахир дар Фаластин шомили иқдомоти ҷинояткоронаи режими ишғолгарӣ Қудс дар иҳонад ба қиблаи нахусти муслимин ва таҳоҷуми ваҳшиёна ба мардуми намозгузор ва рӯзадори Фаластин, ки мунҷар ба захмӣ шудан ва дастгири садҳо тан шудааст, ҳаргуна таъаруз ва ҳурмат шикани нисбат ба амокини муқаддаси мавриди эҳтироми мусалмонон ва ҷариҳадор кардани эҳсосоти уммати исломӣ ва кишварҳои мусалмонро ғайри қобили таҳаммул донист. 

  • Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин иқдомоти ахири саҳюнисҳо ба унвони яке аз шавоҳи ошкори тадовуми сиёсии собит ва шарӯронаи саҳюнистӣ барои тағири ҳувияти Қудсро ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум ва тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо илҳом аз омӯзаҳои ноби дини Ислом ва соири адёни Иллоҳи ва мутобиқ бо ҳуқуқи байналмиллали, ҳимояти мустамир аз муборизот раҳоии бахш ва муқовимати мардуми Фаластин бо ҳадафи таҳақуқи комили ҳуқуқи инсонӣ онҳоро дар зумраи усули асосии сиёсати хориҷии худ қарор додааст.

Амирабдуллоҳиён  дар ин мукотибот зимни ҳимоят аз баёнияи муарихи 15 апрели 2022 дабирхонаи Созмони ҳамкории Исломӣ дар бораи таҳавуллоти ахир дар сарзамини Фаластин, бар зарурати иқдоми фаври ва қотеъи ҷомеъаи байналмиллали ва Созмони Милалли Муттаҳид ва ба вижа Шӯрои амният дар анҷоми вазоифи худ дар заминаи ҳимоят аз муқовимати мардуми фаластинӣ ишғолӣ дар дастури кори фаврии ин Созмон қарор гирад.

  • Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пештар зимни маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ, тасреҳ карда буд, мусалмонон бояд якпорча ва бо иттиҳод дар ҳимоят аз ормони Фаластин биистанд.

342/