ABNA24 : Дар пешнависи Қатъномаи пешниҳодии Русия ба «Нигаронии шадиди Шурои амният дар хусуси вахомати авзои инсонӣ дар Украина ва атрофи он ва гузоришҳое мабнӣ бар талафоти ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон ишора шудааст.
Ба гузориши “Франс – 24”, Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милал зимни ибрози таассуф аз тасмими Фаронса ва Мексика ба далели худдорӣ аз ироаи пешнависи қатънома дар бораи кумакҳои башардӯстонаи Украина изҳор дошт, Маскав ин пешнависро ба танҳоӣ барои раъйгирӣ ироа хоҳад кард.
Ба гуфтаи як дипломати ғарбӣ, раъйгирӣ ба эҳтимоли зиёд рӯзи панҷшанбе анҷом хоҳад шуд.
Небензя таъкид кард, Маскав ҳимояти худро аз қаътномаи пешниҳодии Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, машрут бар ин ки ин қатънома сиёсӣ набошад, эълом кардааст.
342/