ABNA24 – Дар ин санад таъкид шудааст, тарафҳои имзо кунанда нисбат ба ҳамкории кули ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ аҳамияти бисёре қоил ҳастанд ва аз шаклгирии як эътилофи густардаи зидди террористи таҳти ҳимояти Созмони Миллал пуштибонӣ мекунанад.
Агар чӣ масъалаи терорроризм ва ифротгароӣ ҳамвора яке аз дағдағаҳои кишварҳои минтақа аз ҷумла аъзои Созмони ҳамкории Шанхай будааст, аммо баъд аз тасалути муҷаддади гурӯҳи Толибон бар Афғонистон дар ҳудуди шаш моҳи гузашта нигарониҳо дар мавриди густариши тарроризм ва ифротгароӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст ва Шӯрои амнияти Созмони Миллал ҳам дар гузориши ахири худ бар ин мавзӯъ таъкид кард.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки гурӯҳи Толибон низ итминони ҷиддӣ дар мавриди ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон намедиҳад талошҳо барои эътилофсозӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ барои муқобила бо ҳар гуна хатароти амниятӣ афзоиш ёфтааст.
Маҳдии Мунодӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора мегӯяд: "Дар солҳои ахир Афғонистон фурсати муносибе барои ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ва ноамн кардани минтақа табдил шудааст ва Созмони ҳамкории Шанхай аз зарфияти лозим барои мудирияти барномаҳои зидди террористӣ ва муқобила бо гурӯҳҳои ифротгаро бархурдор аст".
Яке аз нигарониҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳамгароии низомӣ ва амниятии минтақаӣ, иттиҳоми маҳофили ғарбӣ барои табдил шудан ба Нотуи шарқ аст. Ба ҳамин далел ҳамзамон бо имзои санад "мавзӯъи муштарак барои муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ" бар мушорикати ҷаҳонӣ таҳти ҳимояти барномаҳои Созмони Миллал барои муқобила бо терроризм таъкид шудааст.
Воқеъият низ ин аст масъалаи терроризм мавзӯъи фароминтақаӣ ва мушкили ҷаҳонӣ аст,ки муқобила бо он бидуни ҳамкории ҷаҳонӣ мумкин нест,зеро ин талақи дар миёни кишварҳои ҳавзаи Шанхай матраҳ аст ,ки кишварҳои ҳамсоя ба хусус Осиёи марказӣ ва то марзҳои Чин аст.
Довуд Муродиён коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин ибора мегӯяд:"Таҳдидоти дохилии Афғонистон моҳияти фароминтақаӣ дорад. Ба ҳамин далел Созмони Шанхай ва соири ҳамкориҳои минтақаӣ нигарони паёмадҳои тақвиятӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар афғонистон ҳастанд. Дар ин шароит ин Созмон аз меконизми лозим барои кумак барои муқобила бо терроризм бархурдор аст.
Ба ҳар ҳол, аз дидгоҳи маҳофили сиёсӣ, Толибон ,ки худро ҳокими ҷадиди Афғонистон медонанд бояд беш аз пеш барои эъҷоди итминон аз назари таъмини амният дар марзҳои муштараки ин кишвар талош кунад. Бидуни тардид яке аз илзомоти шиносоии ҳокимияти Толибон бар Афғонистон аз сӯйи ҷомеъаи байналмиллалӣ, масъулият пазирии ин гурӯҳ дар баробари интизоротии минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ аст.
342/