22 Январ 2022 - 16:33
Таҳлил: Ваъдаи Вашингтон дар бораи таҷҳизи низомии муттаҳидони Арабӣ худ дар Халиҷи Форс

Антони Блинкен вазири хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо Фейсал бин Фарҳон вазири хориҷаи Арабистон ваъда дод ҳамчунон таҷҳизи низомӣ дар ихтиёри шуракои Вашингтон дар Халиҷи Форс қарор дихад.

ABNA24 – Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард Блинкен дар гуфтугӯ бо ҳамтои Саъудии худ зимни маҳкум кардани ҳамлаи ахири муқовимати Яман ба Иморот, мудаъӣ шуд таъаҳҳуди Амрико барои кӯмак ба шуракои ҳавзаи Халиҷи Форс ба манзури беҳбудии тавоноиҳои дифоъии онҳо алайҳи таҳдидҳо дар минтақа идома хоҳад ёфт.

Ваъдаи афзоиши таҷҳизи низомӣ  ва таслиҳоти шуракои Араб ва Амрико дар Халиҷи Форс аз сӯйи Блинкен дар ҳоле матраҳ шуд,ки Эътилофи Саъудӣ дар рӯзҳои ахир, ҳамалоти ҳавоии густардаеро алайҳи таъсисоти ғайринизомӣ ва мардуми мазлуми Яман, ба вижа дар Санъо, пойтахти Яман ва устони Саъда анҷом додааст. Ин ҳамалот муҷиби марг ва захмӣ шудани шумори зиёде аз ғайри низомиён дар Яман шудааст.

Бомборони бевақфаи Санъо, бандари Ал -Ҳадида ва Саъда аз рӯзи сешанбе ва пас аз ҳамлаи паҳподӣ ва мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба Абузабӣ дар посух ба ҷиноёти Иморот дар Яман  оғоз шуд ва  ҷангандаҳои  Саъудӣ  ба таври рӯзона  пойтахти Яман  ва дигар минтақаҳои ин кишварро бомборон мекунад.

  • Идомаи нақзи оташ дар Алҳудайдаи Яман тавассути эътилофи саъудӣ

Антонио Гуттериш  дабири кулли Созмони Миллали Маттаҳид шомгоҳи ҷумъа тайи баёнияи ба маҳкум кардани ҷинояти ахири Эътилофи Саъудӣ дар ҳамла ба зиндоне дар устони Саъдаи Яман иктифо кард ва гуфт: Ҳамлаи ҳавоии дигаре дар ҷойи дигаре аз Яман сабт шуд,ки тайи он ғайринизомиён аз ҷумла кӯдакон кушта ва маҷрӯҳ шуданд.

Бомборони як зиндон дар устони Саъда дар бомборони ҷумъа, яке аз пурталафотарин ҳамалоти Эътилофи Саъудӣ дар Яман тавсия шудааст,ки ҳаддиақал,177 кушта ва захми барҷой гузоштааст.

Ин дар ҳоле аст,ки Эътилофи Саъудӣ бо муҳосираи заминӣ ва ҳавойи ва дарёии Яман,ин кишварро бо фоҷеъаи инсонӣ рӯбарӯ кардааст. Бонки ҷаҳонӣ ахиран дар гузорише ҳушдор дод, ҳудуди 70 дарсад аз сокинони Яман,муъодили 30 миллион нафар, дар ин кишвар, ки осеб дидатарин кишвари ҷаҳон аз назари аминиятӣ ва ғизоӣ маҳсуб мешавад, бо хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Ба рағми ин вазъияти фоҷеъабор, аммо давлати Бойден ки аз ибтидои доъияҳои ҳуқуқи башариро матраҳ карда буд, амалан аз иттихози иқдомоти муъасир дар ростои аъмоли фишор ба Саъудиҳо ва Иморотиҳо ба манзури поён додан ба муҳосираи Яман ва имконпазир сохтани кӯмак расонӣ ба онҳо худдори карда ва ҳатто фӯруши таслиҳот ба ин дукишварро аз сар гирифтааст. Ҷу Байден раис ҷумҳури Амрико дар корзори интихоботии худ шиъорҳое алайҳи Арабистони Саъудӣ  сар дод ва аз ҷангӣ  Яман ба унвони "фоҷеъаи роҳбӯрди" ёд кард ва муддаъи шуд,ки ба ҳимояти Амрико аз амалёти таҳоҷумии Эътилофи Саъудӣ дар Яман аз ҷумла фурӯши таслиҳот хотима хоҳад дод. Бо ин ҳол вай пас аз роҳёбӣ ба Кохи Сафед бори дигар Арабистони Саъудиро муттаҳиди наздики Амрико хонд.

Вашингтон акнун бори дигар фурӯши таслиҳот ба  Арабистони Саъудӣ ва Иморотро аз сар гирифт. Аз ҷумла вазорати хориҷаи Амрико дар ноябри 2021 бо фуруши 650 миллион доллар мушакҳои ҳаво ба ҳаво ва таҷҳизоти муртабит, ба Арабистони Саъудӣ мувофиқат кард.

Бретт Макгурк ҳамоҳанг кунандаи умури ғарбӣ Осиё ва шимолӣ Африқо дар шӯрои аминияти миллии Амрико бо дифоъ аз иқдоми Вашингтон дар фурӯши силоҳ ба Арабистони Саъудӣ мегӯяд: Риёз барои дифоъ аз худаш ба ин силоҳҳо ниёз дорад.

Дар ҳоле,ки фурӯши таслиҳоти ҷадиди Амрико ба Арабистони Саъудӣ иқдоме бар хилофи ваъдаи Бойден дар поён додан ба ҷанги Яман ва ҷилвагири аз таҳвили таслиҳоти таҳоҷуми ба Саъудиҳо маҳсуб мешавад. Бар асоси гузориши муасисаи байналмиллалӣ таҳқиқоти сулҳи Истокҳолм ,Амрико бузургтарин манбаъи содироти таслиҳот ба Арабистони Саъудӣ ва Иморот ба шумор меравад.Зимни ин,ки истифа аз таслиҳоти амрикоӣ барои ҳадаф қарор додани аҳдофи ғайринизомӣ дар Яман,интиқодоти ниҳодҳои ҳуқуқи башариро барангехтааст. Акнун бо ваъдаи ҷадиди вазири хориҷаи Амрико барои таҷҳизи низомии ҳарчи бештари муттаҳидон Араб Вашингтон дар Халиҷи Форс,куштор мардуми бедифоъи Яман ва вайронии ҳарчи бештари ин кишвари фақир ва ҷангзада бар асари  ҳамалоти Эътилофи Саъудӣ шиддат хоҳад гирифт.

342/