ABNA24 – Ба гузориши хабаргузории “Ово”, тазоҳуроткунандагон аз Амрико ва кишварҳои ғарбӣ хостанд, ки дороиҳои Афғонистонро озод созад то вазъияти иқтисодии кишвар аз ҳолати буҳронии феълӣ раҳоӣ ёбад.
Муътаризон бо дар даст доштани шиорҳое ба забонҳои англисӣ, Амрикоро истеъморгар хонданд ва аз ин кишвар хостанд ҳар чӣ зудтар пулҳои басташудаи Афғонистонро озод кунад.
Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар 15 августи соли 2021 мелодӣ, Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ беш аз 9. 5 миллиард доллар сармояҳои Афғонистонро блок ва дастрасии Толибонро ба он қатъ кардаанд; иқдоме, ки вазъияти иқтисодии ин кишварро вахимтар кардааст.
342/