ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Эронӣ-муовини сиёсӣ- амниятии устондори Бушеҳр дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт : Дар ростои омодагии лозим барои афзоиши тавони падофандии неруҳои мусаллаҳ, бомдоди имрӯз душанбе размоише бар фарози нерӯгоҳи атомии Бушаҳр баргузор шуд .
Эронӣ афзуд : Ин размоиш бо омодагии лозиму ҳамоҳангии комили неруҳои мусаллаҳ баргузор шудааст.
Муовини сиёсӣ-амниятии устондори Бушаҳр ҳамчунин гуфт : Пеш аз ин низ иттилоърасонӣ дар хусуси ин размоиш анҷом шуда буд .
Эронӣ хотирнишон кард : Размоиш дар ҷануби устони Бушаҳр ва халиҷи Форс будааст .
342/