Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Валерий Семериков гуфтааст, ки бо вуҷуди густариши бемории Ковид – 19, неруҳои низомии СПАД бо баргузории чанд размоиши муштарак тавони размии худро дар баробари таҳаррукоти эҳтимолии гуруҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ба намоиш гузоштанд.
Вай таъкид кард, ки Афғонистон ҳамчунон ба унвони маншаи бесуботӣ дар минтақа боқӣ мемонад, ки қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимот ва терроризм, аз ҷумлаи ин авомил мебошанд. Аз ин рӯ, баргузории размоишҳои муштараки низомии кишварҳои узви СПАД барои эҷоди ҳамоҳангӣ дар сурати эҷоди таҳдид алайҳи амният ва суботи минтақа бисёр муҳим аст.
Ин созмон тайи 5 моҳи ахир беш аз 7 размоиши низомӣ дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бо Афғонистон баргузор кард.
Муовини дабири кулли СПАД аз барномарезӣ барои баргузории размоишҳои муштараки низомии кишварҳои узви ин ниҳод дар соли 2022, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дод.
342/