ABNA24 : Вазири дифои Русия гуфт, равобити пӯё ва мутанаввеи Маскав - Теҳронро метавон ба таври возеҳ дар муборизаи густарда дар баробари терроризми байналмилалӣ мушоҳида кард.
Шойгу таъкид кард, ки тайи соли ҷорӣ вазоратҳои дифои Русия ва Эрон барномаи фишурдае аз иқдомоти муштарак доранд.
Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳам рӯзи душанбе дар дидор бо сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон аз Эрон ба унвони шарики наздики Русия ёд кард ва гуфт: «Равобити ду кишвар бар асоси суннати дерина дар фазои дӯстона тавсеа меёбад ва гуфтугӯҳои дуҷониба ҷараён дорад».
342/