ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар тамоси телефонии Рашид Мерадов- вазири умӯри хориҷаи Туркманистон бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон охирин вазъияти равобити ду кишвар ва таҳаввулоти марбут ба Афғонистон ва баргузории нишасти сарони кишварҳои узви созмони ЭКО табодули назар шуд .
Вазири хориҷаи Туркманистон дидори ахири раисони ҷумҳурии ду кишвар дар Тоҷикистонро нуқтаи чархишӣ дар равобит донист ва бар пайгирӣ ва иҷрои тафоҳумоти ба амаломадаи байни раисони ҷумҳурӣ таъкид кард .
Амирабдуллоҳиён низ зимни табрики дубораи солгарди истиқлоли Туркманистон бо ишора ба сиёсати ҳамсоягии давлати сездаҳум ва аҳамияти равобит бо Туркманистон лузӯми тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни ду кишварро мавриди таъкид қарор дод.